Бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) идома дорад.
Даври аввали сабқати гурӯҳи “А” 19-уми сентябр дар варзишгоҳи миллии шаҳри Гаосюни Тайван сурат пазируфт. Тавре Алӣ Шариф, сардори дафтари матбуоти ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар нахустин бозиаш дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё, ки бо тими мизбон - «Тайван Пауэр»-и Тайван ба майдон баромад, бо ҳисоби 0 бар 2 бозиро бохт. Дар дақиқаи 39-уми сабқат футболбози «Тайван Пауэр» По-Лианг Чен голи нахустинро ба дарвозаи футболбозони тими «Истиқлол» ворид намуда, ҳисобро кушод. Баъди ду дақиқаи дигар голи дуюмро бозингари дигари даста Шин-Лу Чианг вориди дарвозаи ҳарифонашон намуд.
Дар гурӯҳи “В” дастаи "Пномпен Краун"-и Камбоҷа бар тими "Нефтчӣ"-и Қирғизистон рақобат намуда, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои камбоҷагиҳоро Кингсли Мету Нджоку дар дақиқаи 34-уми бозӣ ва Чая Чан дар дақиқаи 55 ба ҳадаф расонид, голи қирғизҳоро бошад, Илёс Олимов дар дақиқаи 79-уми сабқат вориди дарвозаи ҳарифонашон намуд.
Номбурда қайд кард, ки даври дуввуми сабқати ниҳоӣ 21-уми сентябр баргузор мешавад. Дар ин бозӣ тими "Истиқлол" бо дастаи "Балкан"-и Туркманистон ва "Яданарбон"-и Мянмар бо "Пномпен Краун"-и Камбоҷа бозӣ миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.{jathumbnail off}