Доминик Строс Кан, роҳбари пешини Сандуқи Байналмилалии Пул дар интихоботи президентии Фаронса ширкат нахоҳад кард.
Дар ин бора собиқ сарвари ХБА зимни як мусоҳибаи телевизиониаш бо шабакаи фаронсавӣ изҳор доштааст. Маврид ба тазаккур аст, ки Доминик Строс Кан, як тан аз сиёсатмадорони маъруф ва шинохтаи ҷаҳонӣ аст, ки чанд моҳ қабл бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси як хидматкори меҳмонхонаи «Софител»-и Ню-Йорк боздошт гардида, аз мансаби раиси СБП канор рафт.
Строс Кан зимнан изҳор дошт, ки ҷароими эълоншуда алайҳи ӯ сохта ва тақаллубӣ буданд. Иттиҳоми эълоншуда низ дар мурофиаи додгоҳии ахир дар таърихи 23-юми август бекор карда шуданд. Гуфтанист, Нафисату Диалло дар мавриди Строс Кан баёноти бардурӯғ дода, додгоҳро ба иштибоҳ андохтааст.{jathumbnail off}