Бар асари ду сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Хатлон ду нафар қурбон шуд.
Тавре аз дафтари матбуоти РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, рӯзи гузашта дар ноҳияи Ёвон, ронандаи автомашинаи «Опел Астра» Ҷаъфар Раҳматуллоеви 23 сола аснои ҳаракат аз самти ноҳияи мазкур ба ҷониби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар деҳаи «Фурқат» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Моҳсафар Каримоваи 3 соларо зер мекунад. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон тахминан соатҳои 22:00 автомашинаи тамғаи «Газ -53» таҳти идораи Хайём Каримови 33 сола, зимни ҳаракат ба деҳаи «Пушкин»-и ҷамоати «Якатут», дучархарон Сайфулло Камолови 20 соларо зер мекунад. Бар асари ин садама ҷабрдида ба шаҳодат мерасад.{jathumbnail off}