Аз 26 то 30 сентябри соли 2011 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов семинари «Маҳорати рассомӣ дар чаҳорчӯбаи санъати муосир» баргузор мегардад.
Семинари мазкур давраи дуюми омӯзиши тарроҳони ҷавон мебошад. Қаблан, дар моҳи июн давраи аввали омӯзишӣ бо унвони «Фарҳанги миллӣ ва тарроҳии муосири графикӣ» низ сурат пазируфта буд. Тибқи иттилои расида,ҳамоиши мазкур бо ташаббус ва дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ҷараён хоҳад гирифт.Ҷиҳати ширкат дар чорабинӣ донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми коллеҷҳои эҷодии ҷумҳурӣ даъват шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳаи мазкур омӯзиши тарроҳони ҷавон дар соҳаи дизайни муосир бо истифодаи хусусиятҳои миллӣ ва дастгирии рушди иқтидори эҷодии рассомони ҷавон мебошад. Семинарро тарроҳони шинохтаи тоҷик Парвин Аминҷонов ва Мансур Хоҷибобоев мегузаронанд,-иттилоъ медиҳад манбаъ.{jathumbnail off}