Дарёфти як ҷасад дар роҳи мошингарди Ҳисор
Аз роҳи мошингарди ноҳияи Ҳисор ҷасади марди тақрибан 30-35 сола дарёфт гардидааст, ки он аз ҷониби ронандаи нақлиёти тамғааш номаълум пахш шудааст.
Тибқи иттилои раёсати БДА-и ВКД, дар яке аз кӯчаҳои масири Душанбе-Айнӣ-Ҳисор ҷасади мазкур дарёфт гардидааст. Манбаъ мегӯяд, мақтул шояд шоми дирӯз аснои убури роҳ ба зери чархи мошин мондааст ва сарнишини нақлиёт аз ҷои ҳодиса ғайб задаст. Гуфтанист, оиди ин ҳодиса кофтуков идома дорад.{jathumbnail off}