Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон роҳбари гурўҳи ваколатдори Хазинаи Байналмилалии Асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур зимни нишаст масоили ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз раванди чунин ҳамкорӣ ва рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки сарфи назар аз омилҳои манфии беруна, аз ҷумла болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ, таъмин мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар мулоқот қайд гардид, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати андоз ва пулию қарзӣ суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2011 дар сатҳи на кам аз 6% таъмин гардида, сатҳи таваррум низ қаноатбахш боқӣ мемонад. Ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугў сурат гирифт, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}