Лоиҳаҳои фаромарзии Тоҷикистону Афғонистон дар СММ баррасӣ гардиданд
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Ню-Йорк бо Ребекка Гринспан, муовини дабири кулли СММ ва муовини маъмури барномаи рушди СММ мулоқот намуд.
Зимни мулоқоти ҷонибҳо, раванди татбиқи лоиҳаҳои барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, дурнамои ҳамкориҳо бо ниҳоди мазкур ва лоиҳаҳои фаромарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамрохон Зарифӣ аз хонум Гринспан ҷиҳати боздид аз ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти дафтари барномаи рушди СММ дар кишвар ва муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда бо ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон, даъват ба амал овард. Дар ин бора аз раёсати иттиллоти вазорати корҳои хориҷӣ ба хабаргузории « Озодагон» иттиллоъ доданд.{jathumbnail off}