Қарор аст дар моҳи октябр ҳудуди 200 сарбозу афсари Фаронса, ки алъон дар Афғонистон ба сар мебаранд, ба ватанашон баргарданд.
Тибқи иттилои «Франс-Прес» дар сафи нерӯҳои эътилофии байналмилалӣ зери назорати НАТО дар давлати исломӣ ҳудуди 4 ҳазор фаронсавии низомӣ адои хизмат мекунанд. Сухангӯи низомиёни Фаронса Тиерӣ Бурхард ахиран дар Париж изҳор дошт, ки дар чорчӯби беруншавии тадриҷӣ, ки то соли 2014-ум идома мекунад, 200 сарбози ёдшуда то охири моҳи октябр ба ватан меоянд. Гуфта мешавад, тайи 10-соли будубош (аз соли 2001-2011) то ба имрӯз 98 сарбози фаронсавӣ дар Афғонистон кушта шудааст, теъдоди мақтулон дар имсол 23 нафарро дар бар мегирад.{jathumbnail off}