Имрӯз соати 14:50 Анҷумани 9-уми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард.
Дар ин Анҷуман аз 250 вакил 220 нафар аъзои ҲНИТ аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ширкат доранд. Барномаи имрӯза аз ҳисоботи 4 солаи раиси ҲНИТ, ҳисоботи кумиссияи тафтишот ва интихоби раёсати нави ҳизб иборат аст. Фардо раёсати нав номзадҳоро ба раисии ҳизб пешбарӣ хоҳад кард ва дар ҳузури меҳмонони дохиливу хориҷӣ вакилон раиси нави ҲНИТ-ро интихоб мекунанд.{jathumbnail off}