Баъди анҷоми даври 31-ум тими «Равшан» бо 62 имтиёз дар ҷои аввал аст. «РегарТадАЗ» бо 60 хол дар мақоми дуюм ва дастаи «Истиқлол» бо 55 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.
Даври 32-юми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 9-уми октябр баргузор мегардад. Ин навбат «Истиқлол»-«Гвардия», «Регар-ТадАЗ»-«Хайр», «Энергетик»-ССКА «Помир», «Хуҷанд»-«Вахш» бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Манбаъ афзуд, ки бозӣ миёни дастаҳои «Парвоз»-«Равшан» 10-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ миёни дастаҳои ССКА “Помир”-и Душанбе - “Энергетик”-и Душанбе ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа - “Хайр”-и Ваҳдат 27-уми сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ 30-юми сентябр баргузор мешаванд.
Бозиҳои аввали нимниҳоӣ 3-юми октябр бозиҳои ҷавобӣ бошад, 6-уми октябр доир мегарданд.
Гуфтанист, барои роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ дастаи “Истиқлол” бо ғолиби ҷуфти ССКА “Помир” - “Энергетик” ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ғолиби ҷуфти “Вахш” - “Хайр” қувваозмоӣ мекунанд.{jathumbnail off}