Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ алайҳи маводи дар нашрияи «Фараж» ба табъ расида, ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи мазкур, зимни тавзеҳи ин хабар гуфт, шаҳрванд Файзиддин Азизов барои ҳимояи шаъну эътибори кори худ, бо ҷавобгарии Зевар Шарипова ва идораи нашрияи мо ба суд шикоят кардааст ва дар ин маврид ба идора огоҳиномаи додгоҳи Рӯдакӣ низ ворид шудааст. Дар санад омадааст, ки бинобар ин аз шумо даъват мешавад, ки намояндаатонро барои супурдани аризаи даъвогӣ таъмин намоед. Гуфта мешавад, Азизов чанде қабл бо ҳамин мазмун ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз болои нашрияи «Фараж» шикоят бурда буд, аммо додгоҳ ба чанд далел, аз ҷумла ба сабаби ғалат дар навиштани ариза ва ба сабаби дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат доштани яке аз даъвогар ва яке аз ҳамҷавобгарон, яъне муаллифи "Фараж", аз баррасии ин ариза худдорӣ кард. Ӯ дар аризааш аз нашрияи мазкур 500 ҳазор сомонӣ товон талаб намуда буд, ҳоло рӯшаннест, ки чӣ миқдор товонро аз додгоҳи Рӯдакӣ талаб кардааст.
Маврид ба ёдоварист, тайи ду-се соли ахир баҳсҳои додгоҳӣ алайҳи нашрия ва матбуоти мустақили Тоҷикистон зиёд ба назар мерасанд ва бархе аз ин қазияҳо холо ҳам идома доранд. Даъвои вазорати кишоварзӣ алайҳи нашрияи "Миллат" ва тақозои 1 миллион сомонӣ, ки ҳанӯз давом дорад, даъвои 5 миллион сомонӣ товони се додраси додгоҳи нохияи Сино ва Додгоҳи Олӣ алайҳи "Азия-Плюс", "Фараж" ва "Озодагон" ва даъвои "Тоҷикстандарт" алайҳи ҳафтаномаи "Пайкон" аз пуровозатарини ин баҳсҳо дар якуним соли охир аст. Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ даъвогарон аз даъвояшон алайҳи "Азия-Плюс", "Озодагон" ва "Фараж" гузаштанд. Баҳси муовини вазири корҳои дохилӣ Анвар Тағоймуродов бар алайҳи "Азия-Плюс" ва даъвои вакили собиқи Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров ва чандин қазияи дигар алайҳи нашрияҳо ва муаллифон дар додгоҳ ҳанӯз идома дорад. Баҳси судӣ ва музокироти идомадор бойис ба он гашт, ки «Пайкон» аз фаъолият бозмонад ва муассиси он Ҷумъаи Толиб алъон дар бистари беморӣ дар зодгоҳаш ба сар мебарад.{jathumbnail off}