Ба иттилои манбаъ кишоварзони вилояти Хатлон аз ҳавои муносиби тирамоҳӣ самаранок истифода намуда, ҷамъоварии пахтаро хуб ба роҳ мондаанд, ки дар як рӯз 6692 (2,6%) тонна ва аз аввали мавсим 179717 (69%) тонна «тилллои сафед» ҷамъоварӣ кардаанд. Айни замон хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои Сарбанд (99%), Кӯлоб (89%), Бохтар (81%), Вахш (79,8%) ва Хуросон (77,4%) дар вилоят ва ҷумҳурӣ пешсаф мебошанд.{jathumbnail off}