Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ, хабарнигорони варзида аз ҷумҳурии исломии Эрон тайи се рӯзи ахир барои журналистони тоҷик дарс мегӯянд.
Давраи омӯзишӣ, ки бо иқдоми хабаргузории «Форс»-и Эрон созмон дода шудааст, то 30 сентябр идома меёбад. Қосими Бегмуҳаммад, сардабири дафтари намояндагии хабаргузории «Форс» дар Тоҷикистон мегӯяд, устодони бахши журналистикаи Эрон ба рӯзноманигорони тоҷик доир ба мавзӯъҳои «Тарзи пайдо кардани мавзӯъ барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигории бӯҳронӣ» ва «Маънишиносии хабар» дарс мегӯянд.
Манбаъ афзуд, устодон собиқаи бузурги фаъолияти рӯзноманигорӣ дошта, борҳо дар кишварҳои Аврупо чунин давраҳои омӯзиширо баргузор намудаанд ва дар симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ суханронӣ кардаанд. Ҳамзамон, онҳо муаллифи чандин китобҳо буда, назариядонҳои шинохтаи бахши рӯзноманигорианд. Маврид ба ёдоварист, 30 нафар намояндагони расонаҳои хабарии Тоҷикистон ба ин давраи омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд.{jathumbnail off}