Бақияи умумии қарзҳо тамоюли афзоишро идома дода, дар қиёс ба ҳамин санаи соли гузашта 33,8 фоиз зиёд шуд ва ба 4,5 миллиард сомонӣ расидааст.
Тавре ба «Озодагон» аз хадомоти матбуотии БМТ иттилоъ доданд, афзоиши ҳиссаи қарзҳои дарозмӯҳлат назар ба қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат бештар мебошад. Ҳамчунин, фоизи миёнавазни қарзҳо назар ба ҳамин санаи соли гузашта дар маҷмӯъ ба андозаи 1,3 банди фоизӣ паст шуда, бо пули миллӣ ба 23,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 22,1 фоизи солона баробар шуданд. Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ 1,6 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шуд, ки нисбат ба ҳашт моҳи соли гузашта 37,6 фоиз зиёд аст ва аз он 358,5 миллион сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}