Прокуратураи ноҳияи Восеъ 6-нафар аз кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ҳамин ноҳияро дар дуздии моликияти шахсии сокинони ноҳия гумонбар медонад.
Охири моҳи июли ҳамин сол, тахминан соатҳои 1 ба 2-и нимашаб соҳибкор аз «Маркази савдо» Абдуҳалим Шарипов, дар якҷоягӣ бо ду тан аз наздиконаш аз дохили дӯкони савдогариаш як корманди шӯъбаи хадамоти давлатии муҳофизаи ШКД, сержанти милиса Баҳриддин Шарифовро, ки он лаҳза вазифаи посбониро дар «Маркази савдо» ба ӯҳда доштааст, ҳангоми дуздидани маводи хӯрока боздошт мекунанд. Тибқи хабари расида, сар аз оғози соли 2011-ум, дар аксари дӯконҳои ҳамин марказ маводу маҳсулоти гуногун ғайб мезаданд, вале дуздон номаълум боқӣ мемонданд. Танҳо баъди шабзиндадорӣ ва пай ҷустан аз ҷониби ин соҳибкор, ки воқеан якчанд маротиба молаш ба яғмо рафта буд, дуздон ошкор гаштанд.
Ба иттилои Музаффар Юсуфов, муовини прокуррори ноҳия, тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки давоми имсол кормандони шӯъбаи хадамоти давлатии муҳофизаи ШКД-и ноҳияи Восеъ Шарифов Б, Шарифов О, Ҳусайнов А, Абдураҳмонов Н, Муҳиддинов С ва Хоҷаев Ҷ , ки дар асоси шартнома бо «Маркази савдо» вазифаи посбониро иҷро мекардаанд, аз рӯи маслиҳати пешакӣ шабона ба дӯконҳои соҳибкорон, ки зери нигаҳдориашон қарор доштаанд, ба тариқи пинҳонӣ даромада, маҳсулоту ашёи дилхоҳашонро медуздидаанд.
Дар ин маврид, дар прокуратура тафтишоти парвандаи ҷиноятии «милисаҳои дузд» ба анҷом расида, барои моҳиятан баррасӣ гаштан ба суд ирсол ёфтааст.{jathumbnail off}