Дар қисмати шимолии Исроил, маҳаллаи арабнишини Тубо Занғария як масҷиди мусулмонон ҳадафи ҳамла ва оташсӯзӣ қарор гирифтааст.
Ба ҷуз ин муҳоҷимин дар девору беруни масҷид шиорҳоеро бо забони ибрӣ насб кардаанд, ки «интиқом» ва «Полмар» навишта шудааст. Садҳо араби исроилӣ дар вокуниш ба ин иқдом дар баробари ин масҷид таҷаммуъ карданд ва дар эътироз ба оташ задани масҷид вокуниш нишон додаанд. Рӯҳонии мусалмони ин русто ба радиои артиши Исроил гуфтааст, тамоми масҷид аз ҷумла китобҳо ва Қуръон дар ин ҳамла сӯхтааст.
Гуфта мешавад, навиштаҳо ишорае ба ҳодисаи рӯзи 23 сентябр аст, ки дар он шахсе ба номи Оншар Полмар, шаҳракнишини яҳудӣ ва писари нӯҳсолаи ӯ пас аз он ки фаластиниён ба тарафи худрави онҳо санг андохтанд, кушта шуданд. Расонаҳои исроилӣ гуфтанд, як санг ба сари Полмар бархӯрд ва дар натиҷаи он ронанда идораи мошинро аз даст дода, ба марги падару писар сабаб шуд.{jathumbnail off}