Мавсими боришот дар Тоҷикистон оғоз мешавад
Ворид шудан ҳавои намнок аз тарафи ғарб ба ҷумҳурӣ бойиси он мегардад, ки дар водиҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ боронҳои кӯтоҳмуддат борад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар баландкӯҳҳо боридани борони шадид дар назар аст, ба амал омадани чангу ғубор низ пешгӯӣ карда мешавад. Парвина Саидҷамолова, сардори маркази пешгӯии обу ҳаво ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, чунин вазъи ҳаво аз 5 то 8-уми ҳамин моҳ боқӣ мемонад. Дар ин давра пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои 9 ва10-ум ҳаво дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Айни замон ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд рӯзона 19-23 дараҷа, шабона 8-12 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон рӯзона 22-27 дараҷа, шабона 10-12 дараҷа гарм аст. Дар ғарби ВМКБ рӯзона 18-23 дараҷа, шабона 6-11 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4-9 дараҷа гарм, шабона 2-7 дараҷа хунук, дар водиҳо рӯзона19-23 дараҷа, шабона 6-11 дараҷа гарм. Ҳарорати ҳаво дар Душанбе рӯзона 22-24 дараҷа, шабона 8-9 дараҷа гарм мешавад.
{jathumbnail off}