ВКД: Беш аз 33 кило мухаддарот мусодира гардид
Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи нашъадор дарёфт гардид.
Тавре аз вазорати корҳои дохила ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, зимни амалиёти мазкур, аз автомашинаи тамғаи «Мерседес-230», рақами давлатияш АА 29 35 01 РТ, ки ба шаҳрванд Қамариддин Валиев таалуқ дорад, 2 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 7 килою 50 грамм маводи нашъаоври «Афюн» ва 26 килою 600 грамм бангдона дарёф ва мусодира карда шуд. Миқдори умумии қочоқи дастгиршуда 33 килою 650 грамро ташкил медиҳад. Сарчашмаи манбаъ хабар дод, ки айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}