Беш аз 4 ҳазор сомонии соҳибкори панҷакентиро дуздиданд
Хонаи соҳибкори шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд мавриди ғоратгарии дуздон қарор гирифт.
Тавре аз вазорати корҳои дохила ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, шахсони номаълум тариқи шикастани шишаи тиреза вориди хонаи истиқоматии соҳибкор Алишоева шуда, 3735 сомонӣ ва 100 доллари ИМА-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ ҷустуҷӯи роҷеъ ба ин ҳодиса, ноболиғон Нарзулло Исмоилови 16 сола, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзода, ва Камолиддин Рустамови 15 сола, сокини кӯчаи Лоиқ Шералӣ, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумии №30, дастгир карда шуданд. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}