Парвозҳо аз фурудгоҳи Душанбе ба таъхир уфтодаанд
Имрӯз бинобар зиёд шудани чангу ғубор дар фазои фурудгоҳи Душанбе меъёри муайяни биниш, ки барои қабул ва парвози ҳавопаймоҳо иҷоза дода мешавад, маҳдуд гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуоти фурудгоҳи мазкур хабар доданд, ҳавопаймоҳое, ки дар хатсайрҳои Маскав-Душанбе, Шарҷа-Душанбе ва Алмаато-Душанбе парвоз мекарданд дар фурудгоҳи Хуҷанд мустақар шуданд. Бо иллати паст будани биниш рейсҳои Душанбе -Екатеринбург, Душанбе-Алмаато мувақатан аз парвоз боздошта шудаанд ва эҳтимол меравад, ки парвози самти Душанбе-Маскав (Внуково) низ ба таъхир монда шавад. Ҳамаи парвозҳо танҳо пас аз беҳтар шудани ҳаво, яъне паст фаромадани ғубор ва пайдо шудани имкони биниш аз рӯи меъёри муқарраргардида иҷозат дода мешаванд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}