Сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд ҷони навраси 15 соларо гирифт
Аз раёсати бозрасии давлатии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки шаби гузашта тахминан соати 22:20 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел вектра» Рустамҷон Дадобоеви 28 сола аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Қистақуз-Овчиқалъа дар ҳудуди бозори Ҳоҷи-Булус, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Абдумавлон Мамадҷоновро, ки савори дучарха будааст, зер мекунад.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Нисбат ба ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}