Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти Эрон, роҳбарияти давлати Туркияро бинобар ҷойгир намудани системаи таҷҳизотии радиолокатории НАТО дар ҳудуди он кишвар таҳти интиқоди шадид қарор дод.
Райисҷумҳури давлати исломии Эрон, зимни як мусоҳибаи телевизионӣ гуфтааст, ки радарҳои НАТО дар хоки Туркия танҳо ба хотири ҳимояи Исроил дар ҳолати рух додани даргирӣ бо Эрон насб мегарданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки моҳи гузашта ҳукумати Туркия нақшаи ҷойгиркунонии радарҳои НАТО-ро дар қаламраваш иҷозат дода буд ва эълом намуда буд, ки он бар зидди кадом як кишвари алоҳидае равона намешавад.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, радиолокатор дар мавзеи Малатё, дар масофаи наздик ба 700-километр аз хоки Ирон бунёд хоҳад ёфт.{jathumbnail off}