Собиқ мудири ширкати бузурги «Apple» Стив Ҷобс, дар синни 56-солагӣ аз дунё даргузашт.
Тибқи иттилои расонаҳо, ки ба такя ба суханони наздиконаш хабар пахш кардаанд, Ҷобс дар ҳалқаи хонаводааш дар манзили зист оромона ҷон додааст. Пизишкон маризии ӯро ташхис карда, қаблан эълом дошта буданд, ки Стив ба як навъи камназири саратони меъда гирифтор буд ва гурдаашро ҳам иваз карда буданд. Ӯ, ки моҳи август аз мақомаш истеъфо дод, яке аз бунёдгузорони ширкати тавлиди абзорҳои электрони “Apple” буд, ки соли 1976 таъсис шудааст.
Ёдрас менамоем, маҳз дар замони роҳбарии Стив Ҷобс ширкати мазкур бо ихтироъ кардани абзорҳои серхаридори “Айфон” ва “Айпод” ба яке аз ширкатҳои азими дунё табдил шуд. Билл Гейтс, бунёнгузори “Майкрософт” гуфт, дар ҷаҳон мисли инсонҳои офаранда ба мисли Стив Ҷобс кам аст.{jathumbnail off}