Маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт аз иқдомоти динситезонаи Тоҷикистон интиқод кардааст.
Ба гузориши хабаргузории аҳли байт “Абно” ин ҷамъияти муслимин бо судури паёме дар интиқод аз Тоҷикистон барои нақзи ҳуқуқи динии мардум унвон кардааст , ки аксарияти ҷамъияти кишвари ҳамзабон, дӯсту бародари ҷумҳурии Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд, аммо бо қабули қонуни озодии виҷдон мушкилоти онҳо зиёда шудааст. Дар идомаи ин паём омадааст: “Ҷои тааҷуб аст, дар шароите, ки хезишҳо ва мавҷҳои бедории исломи минтақаи шимоли Африқо ва Ховари Миёнаи арабиро фаро гирифтааст ва миллатҳои мусалмон барои ҳуқуқҳои хеш мубориза мебаранд, дар Тоҷикистон тайи як соли гузашта бо эҷоди мушкилоту маҳдудиятҳои зиёд барои мардуми мусалмони ин кишвар аз қабили “мубориза бо ҳиҷоби занон ва риши мардон, манъи вуруди атфол ва навҷавонон зери 18 сола ба масоҷид, мамнӯъияти таҳсилоти динӣ ва Қуръономӯзӣ дар мадориси ин кишвар ва мамоният аз баргузории намози ҷамоат, ба мубориза бо шиор ва ҳатто заруриёти дини муъбини ислом дар ин кишвар пардохтааст”. Маҷмаи аҳли байт афзудааст, набояд фаромӯш кард, ки замони он гузаштааст, ки барои ҷалби ризояти қудратҳо, норизоятии умумии як миллати мусалмонро фароҳам кард”.
Ёдрас менамоем, президенти Тоҷикистон қонуни масъулияти волидайнро, ки аз сӯи ҳар ду палатаи парлумони кишвар ҷонибдорӣ ва имзо гардида буд, ахиран рӯзи 2-юми август ба тасвиб расонд. Ин санад пас аз нашраш дар рӯзномаҳои давлатии «Ҷумҳурият» ва «Садои Мардум» ҳукми қонунро гирифта, ба иҷро даромад, ҳарчанд қабл аз имзояш ва замони баррасиҳо ин санад ихтилофи назарҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буд. Тибқи яке аз бандҳои ин қонун афроди зери 18 сола ба истиснои касоне, ки дар мадориси динӣ таҳсил мекунанд, аз ҳузур дар масоҷид ва соири амокини мазҳабӣ манъ шудааст.{jathumbnail off}