Аз 15 то 16 октябри соли ҷорӣ дар толори «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонон ва калонсолон оид ба «Ушу» гузаронида мешавад.
Тавре аз кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур байни ҷавонони 13-15 сола, аз рӯи вазнҳои 40, 44, 48, 53, 56 кило, ва байни ҷавонони 15-17 сола, аз рӯи вазнҳои 50, 55, 60, 65, 75 кило ва байни ҷавонони аз 18 сола боло аз рӯи вазнҳои 55, 60, 65, 70, 75, 80 ва аз 80 кило боло гузаронида мешавад. Ҳайати дастаҳо аз 8 варзишгар, 1 мураббӣ ва довар иборат аст. Иштирокчиён вилояти Суғд (1 ҳайат), вилояти Хатлон (1 ҳайат), шаҳри Турсунзода (1 ҳайат), шаҳри Душанде (2 ҳайат) ширкат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, варзишгароне, ки дар вазнҳои алоҳида ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юмро соҳиб мешаванд бо диплом ва медалҳои Федератсияи «Ушу» ва сарпарастон қадрдонӣ карда мешаванд.{jathumbnail off}