Никола Саркозӣ, президенти Фаронса дар мавриди тамомияти арзии Гурҷистон таъкид кард.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, Саркозӣ, ки дар оташбаси миёни Русия ва Гурҷистон барои хатми ҷанги панҷрӯзаи соли 2008 миёнаравӣ кардааст, изҳор доштааст, ки “Фаронса Русияро дӯст ва шарики стратегӣ мешуморад, аммо барои эҳёи эътимод таҳдид ва талоши бесуботиро комилан ғайри қобили қабул” мешуморад. Зимнан, райисҷумҳури Фаронса аз ҳукумати Русия даъват кард, ки ӯҳдадориҳои худро таҳти шароити оташбас иҷро намояд.
Маврид ба тазаккур аст, ки Гурҷистон Маскавро дар нақзи созишнома ва ақиб накашидани нерӯҳояш ба марзҳои то ҷанги соли 2008 айбдор мекунад. Ин дар ҳолест, ки Русия минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро давлатҳои мустақил мешуморад ва онҳоро ҳамчун кишвари мухтор эътироф кардааст.{jathumbnail off}