Герман Ван Ромпуй, президенти Иттиҳоди Аврупо ҳамоиши сарони ин иттиҳодро ба таъхир гузоштааст.
Тибқи иттилои расонаҳо, нишасти мазкур мебойист, аввоили ҳафтаи оянда, рӯзҳои 17-ум ва 18-уми октябр дар Брюссел сурат мегирифт, аммо бо далели ноомодагии ҷузъиёти тарҳи ҳифзи пули ягона ба таъвиқ гузошта шуд. Гуфта мешавад, ҳамойиши сарони ИА қарор аст ба таърихи 23-юми шурӯъ шавад.
Ҷаноби Ромпуй дар изҳороте гуфтааст, санаи нав фурсат медиҳад, ки аъзои иттиҳод стратегияи фарогири минтақаи евро дар баробари бӯҳрони қарзро ниҳоӣ кунанд. Иттиҳоди Аврупо интизори натиҷаи аудит ё бозрасии вазъи молии Юнонанд ва ҳам ҳанӯз тарҳи ислоҳоти бонкиро баррасӣ мекунанд.