Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тайи нӯх моҳи соли равон ба беш аз 454.228 нафар мусофир хизмат расонид, ки ин нишондод дар қиёс ба соли гузашта 0,56 % зиёд мебошад.
Дар ин бора Азиз Ибрҳимов, муовини сарвари кулли фурудгоҳи мазкур дар ҷаласаи ҷамъбастии ин ниҳод иброз дошт. Тавре ба «Озодагон» аз ин муассиса хабар доданд, ҳамчунин қайд карда шуд, ки фурудгоҳи Душанбе бо 22 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад. Дар ин муддат 352. 957 мусофир ба пойтахт ташриф овардааст, ки ин миқдор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 % зиёд мебошад. Дар тӯли 9 моҳи соли равон 1.966 тонна бор интиқол дода шуд, ки нисбати соли гузашта 23,2% бештар мебошад. Наомадан ва осеб дидани бағоҷи мусофирон дар 422 ҳолат муайян карда шуд, ки аз ин 419 ҳолат қонеъ гардонида шудааст ва 3 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Фирӯз Эшонқулов, сардори сарраёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти кишвар, фаъолияти корхонаро мусбӣ арзёбӣ намуда гуфт, ҷамъбасти 9 моҳи соли ҷорӣ аз ибтидо хотирмон буд, зеро ба чорабиниҳои байнидавлатие, ки дар ин муддат баргузор гардид, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми қабул ва гусели меҳмонони зиёд хизмат расонид. Хусусан, ҳангоми гузаронидани Кунгураи сарони кишварҳои ИДМ ва ҷаласаи чоргона, таҷлили 20 солагии истиқлолият фаъолияти дастаҷамъонаи хадамоти фурудгоҳ бо дигар сохторҳои марбути соҳа ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ баръало маълум гардид.{jathumbnail off}