Раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов хонаи давлатиеро, ки барои кормандони ҳукумати маҳаллӣ пешбинӣ гаштааст, барои як кормандаш супоридааст.
Ин дар ҳолест, ки ронандаи раис дар маркази ноҳия хонаи истиқоматӣ дошта, то замони сари қудрат омадани ҷаноби Икромов зиндагонӣ доштааст. Аммо дар ҳукумати ноҳия 3-нафар аз кормандон бо шумули муовини аввали раиси ноҳия, мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва мудири шӯъбаи маънавиёт аз рустои дурдасти ноҳия будаанду манзили зист надоранд ва дар меҳмонхонаи идораи коммуналӣ ба сар мебаранд.
Гуфта мешавад, хонаи давлатӣ бо маблағгузории ҳукумати марказӣ бунёд ёфта, барои раисони ноҳия ва муовинону мутахассисон, ки аз навоҳии дигар ба кор омада, дар маркази ноҳия манзили зист надоштаанд, пешбинӣ шудааст, на барои мардуми бумӣ. Дар ҳамин ҳол, муовини аввали раиси ноҳия Исломшоҳ Шоев беш аз 5-сол аст, ки дар як утоқи меҳмонхонаи тангу ифлос, дур аз зану фарзандон ба сар мебарад.{jathumbnail off}