Дар расми ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Эмомалӣ Раҳмон бо ғолибон ва ҷоизадорони сабқатҳои Осиё ва ҷаҳон ва мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқот намуд.
Зимнан, президенти кишвар ба қаҳрамони Осиё, барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ва дорандаи роҳхат ба бозиҳои 30-юми олимпии Лондон-2012 Анвар Юнусов мошини сабукрав тақдим кард.
Гуфтанист, маҷмааи варзишӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо харҷи беш аз 19 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст ва толори асосии он 2500 ҷойи нишаст дорад. Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки шумораи ҷойҳои нишаст ба 3000 расонида шавад.{jathumbnail off}