«Мактаби арӯсон» келин омода мекунад
Созмони «Иттиҳоди мусулмонзанони Тотористон» мактаби махсуси тарбияи келинҳои ояндаро бо номи «Мактаби арӯсон» созмон додааст.
Ба андешаи созмондиҳандагони ин мактаб арӯсони ояндаи мусулмон бояд бо маҳорати кадбонугӣ, бо чанд забон сухан гуфтан, донистани қонунҳои кишвар ва корҳои дигар аз дигарон фарқ намоянд. Таълими ин арӯсони оянда аллакай аз имрӯз шурӯъ гашт. Тавре раҳбари ин мактаб Наиля Зигашина мегӯяд, зимни омӯзишҳо барои ҳар як арӯси оянда тартиби фардии муносибат ҷорӣ хоҳад гашт. Дар ин мактаб ҳамчунин дар қатори арӯсони оянда занони аллакай оиладор, ки мехоҳанд муносиботи оилавиашонро боз ҳам беҳтар намоянд, фаро гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин ин мактаб барои ононе, ки дар ташкили оила мушкил доранд, барои пайдо намудани ҷуфти муносибашон кӯмак карда, ҳамчунин барои рафъи зиддияту низоъҳои миёну келину хушдоман дарсҳои амалӣ доир менамоянд. Мактаб тасмим доштааст дар мавриди зарурӣ барои ҳалли масоили фардӣ ҳатто хушдоманҳоро барои тағйири дидгоҳашон ба зиндагӣ ба тадрис фаро бигиранд. Наиля Зигашина мегӯяд, расман ин ҷо касе барои пайдо намудани ҷуфташ намеояд, аммо мо ҳамагон медонем, ки мақсади аслии ҳар як ҷавонзан ёфтани бахт ва барпо кардани оила аст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки фаъол шудани ин мактаб барои духтарон пеш аз ҳама роҳи беҳтарини пайдо намудани ҳамсар мебошад.