Интиқоли оби ошомиданӣ дар бархе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд мегардад.
Зимнан, сокинони кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ аз кӯчаи Бухоро то Михайлов, кӯчаҳои Турсунзода, Шевченко, Шероз, Шотемур, Фотеҳ Ниёзӣ, Исмоили Сомонӣ, Абдулло Командир, Лоиқ Шералӣ, Толстой, Парвин, Пушкин ва Теҳрону Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шурӯъ аз 19-уми май то 29-уми майи соли равон танқисии обро эҳсос хоҳанд кард. Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ҳукумати пойтахт иттилоъ доданд, ин тасмим бо мақсади саривақт ва босифат анҷом додани корҳо дар асоси қарордоди DWSP-001 «Барқарорсозии филтрҳои зудамал дар истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ»-и КВД «Обу корези Душанбе» аз сар гирифта шудааст.
Зимнан, аз сокинони маҳаллаҳои мазкур хоҳиш карда мешавад, ки барои эҳтиёҷотошон миқдори зарурии обро захира кунанд. Масъулини ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ муваззаф гаштаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои таъмиру тармими қубурҳои об, сокинони минтақаро бо нақлиёти зарурии обкаш ва оби тоза таъмин намуда, назорати қатъии онро ба роҳ монанд.