Зимнан, сардори идораи кишоварзии ноҳия илова кард, ки дар ноҳия ҳамагӣ 131 гектар замини обӣ аст, вале дар дурнамои вилоят иҷборан барои 350 гектар кишти картошка пешбинӣ намудаанд. «Дар Шӯрообод картошка намешавад, гузашта аз ин, замини обӣ ҳам несту будагиаш бо иллати хушк шудани чашмаҳо, ба лалмӣ мубаддал гаштан дорад. Вале аз ҳукумати вилоят барои иҷро намудани нақшаи вилоятӣ маҷбур мекунанд, ки картошка корем», меафзояд ӯ. Таври мисол дар ҷамоати Ёл 146 гектар боғи анор хушк гаштаасту масъулин дигар қудрати баобтаъминкунӣ ва барқароркунии боғро надоранд.
Бояд гуфт, дар ҳудуди ноҳия ҷангалу боғҳои кӯҳна зиёданд, ки бо сабабҳои гуногун сокинон аз он истифода бурда наметавонанд. Танҳо замони ахир, сокинон дар мавзеъҳои Дашти Пач ва Сари Ғор беш аз 100 гектар боғро барои истифода ба ихтиёр гирифтаанд. Аммо зиёда аз 35 ҳазор гектар боғу ҷангали мамнӯъгоҳи Дашти Ҷам аз тарси афғонҳо аз ихтиёри мардуми бумӣ берун мондааст. Исломшоҳ Шоев мегӯяд, «дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои расида, 2 ё 3 гурӯҳи мусаллаҳи афғонҳо ҳокими ин мамнуъгоҳанду аз чарогоҳу боғзори тоҷикон беибо истифода мебаранд».{jathumbnail off}