Манбаъ афзуд, зимни гузаронидани ҷораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Баҳромиддин Шодиеви 28- сола, сокини кӯчаи И. Сомонӣ, хонаи111/3, ҳуҷраи 107 дастгир карда шуд. Гуфтанист, ба ҷуз ин боздоштшуда, рӯзи 3-уми октябри соли равон ба хонаи истиқоматии Муқимова, сокини кӯчаи Мичурин, хонаи 5, ҳуҷраи 15 даромада, аз он ҷо 1-ҷуфт гӯшвори тиллоӣ арзишаш 500 доллари ИМА ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа-6230», ки арзишаш 500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 244, кодеси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст.{jathumbnail off}