Мутобиқ ба як тадқиқоти Маркази бритонии таҳқиқотӣ дар соҳаи фурӯши чаканаи маҳсулот аз ҳама бештар аз мағозаҳо панир дуздида мешудааст.
Ин марказ беш аз 250 ҳазор нуқтаҳои савдоро дар 43 давлати дунё мавриди пажӯҳиш қарор дода, чунин манзур намудааст. Бино ба хулосаи ин пажӯҳиш ҳамарӯза ҳудуди 4 фисади панир аз рафи мағозахои дунё ба яғмо мерафтааст.Тадқиқотчиён муайян кардаанд, дар аксари маврид панирро на ин ки дуздон, балки худи фурӯшандаҳо медуздидаанд ва бозпас мефурӯхтаанд.
Бино ба гуфтаи коршиносон сол аз сол қимати панир боло меравад ва дуввумбора фурӯхтани он метавонад даромади бештаре дошта бошад.
Ҳамчунин аксаран гӯшт, шоколад, маҳсулоти баҳрӣ, машруботи алкоголӣ ва ғизои кӯдакона мавриди таваҷҷӯҳи дуздон будаанд.{jathumbnail off}