Президенти Русия Дмитрий Медведев тӯли 100 дақиқа бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ сӯҳбат доир намуда, феълан низ ба суолҳои хаттии расида ҷавоб мегӯяд.
Зимни ин дидор ва нишасти хабарӣ Дмитрий Медведаев ҷавобан ба суоли хабанигорон изҳор кард, ки ҳайти ҳукумати Русия дар ояндаи наздик бояд пурра иваз шавад. Ҳамчунин раисҷумҳури Русия ба масоили сиёсати хориҷӣ дахл карда гуфт, ки кишвараш таҳримҳоеро нисбати кишвари Сурия тарафдор нест ва ин гуна таҳримҳо таври маълум оқибати фоҷиабори ногувор дорад, изҳор кард президент Медведев.
Ёдовар мешавем, ки нишасти хабарии Дмитрий Медведев бо намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ барои нахустин бор сурат гирифта, дар мактаби Сколково доир мегардад. Дар ҳоле ки дар ин нишасти хабари қариб 1000 нафар рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ширкат меварзанд, аммо ягон рӯзноманигори расонаҳои Тоҷикистон барои ширкат дар он кӯшиш накардаанд.