Дар арафаи ду ид, ки ба аввали моҳи оянда, дақиқтараш ба рӯзҳои 6-ум ва 7-уми ноябр рост меоянд, чанд рӯзи истироҳат пешбинӣ мешавад.
Тавре агентии иттилоотии расмии ҳукумати Тоҷикистон- «Ховар» менависад, дар рӯзҳои таҷлили иди Конститутсия ва иди Қурбон, кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба истиснои кормандони бахши маориф ва тандурустии кишвар (омӯзгорон ва духтурон) чор рӯз – 5, 6, 7 ва 8 –уми ноябр истироҳат мекунанд. Ба қавли манбаъ, «5-уми ноябр барои муаллимону духтурон рӯзи корист». Дар ин бора, Баҳриддин Набиев, сарнозири ҳуқуқи федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурии Тоҷикистон ба оҷонсии номбурда иттилоъ додааст.
Набиев ҳамчунин гуфтааст, ки соли равон рӯзи қабули Конститутсия 6 ноябр ба рӯзи истироҳат, якшанбе рост меояд. Аз ин рӯ, дар асоси моддаи 83-и Кодекси меҳнати ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, он ба рӯзи аввали кории баъди ид гузаронида мешавад. Бино ба қавли ҳуқуқшинос, интизор меравад дар ин масъала ҳукумати кишвар низ қарори дахлдор қабул намояд.{jathumbnail off}