Бино ба маълумоти манбаъ, аксари корхонаҳои ин вилоят аз имкониятҳои мавҷуда, махсусан дар соҳаи коркарди намаки ошӣ истифода намебаранд: «Дар соҳаи коркарди меваю сабзавот ҳам камбудиҳо аз қабили истифода набурдани иқтидорҳои мавҷуда, ҷорӣ накардани технологияи нав ва ғайра ба назар мерасанд» Зимни семинари мазкур роҷеъ ба дарёфти роҳҳои ҳалли масъала таъкид гардидааст, ки барои рушди ин соҳа фаъолияти мунтазам, афзоиши маҳсулот, сарфаи нерӯи барқ, истифодаи самараноки ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти дастрас ва ба рақобат тобовар, ҷиҳати ҷорӣ намудани навоварӣ, хусусан дар самти воридоти техника ва технологияи пешқадам дар истеҳсолот ва зина ба зина даст кашидан аз дастгоҳу таҷҳизоти кӯҳнаю фарсуда, ки ба рушди истеҳсолот монеъа эҷод менамояд, зарур аст.{jathumbnail off}