Имрӯз, 27-уми октябр, маросими хатти интиқоли барқи 220-киловаттаи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ», ки барои нақли қувваи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон эҳдос шудааст, баргузор хоҳад шуд.
Дар ин бора дирӯз зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нойиби аввали райисҷумҳури давлати исломии Афғонистон- маршал Муҳаммад Қосими Фаҳим иброз гардид. Пас аз анҷоми нишасти мазкур, меҳмони воломақоми кишвари ҳамсоя дар ҳузури хабарнигорон аз ҷумла гуфт:«Мо бо як ҳайати бузург бо даъвати райисҷумҳури Тоҷикистон ба Душанбе омадем. Бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбатҳо ва мулоқоти бисёр муфид доштем. Аз ҷумла, дар қисмати ҳамкориҳои фарҳангӣ, ҳамкориҳои техникӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ сӯҳбатҳо кардем, ки натоиҷи бисёр мусбат дошт. Дар натиҷаи сафар мо хати барқи 220 киловатаеро, ки аз Сангтӯда ба Афғонистон омода шудааст, рӯзи 27-уми октябр ифтитоҳ хоҳем кард ва ҳамчунин як пул ифтитоҳ мешавад ва ба ҳамин тартиб дар ҳар арса ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ равнақ хоҳанд гирифт ва бар ҳама кор дар Тоҷикистон замина ва робита вуҷуд дорад».
Муҳаммад Қосими Фаҳим афзуд, Афғонистон омодагӣ дорад, ки ба андозаи тавони судури барқи кишвари бародари Тоҷикистон барқ хоҳад гирифт . «Шумо медонед, ки Афғонистон ва Тоҷикистон ду кишвари ҳамзабон, ҳамсарҳад, ҳамдину ҳамфарҳанг ҳастанд ва дар як хатти минтақа қарор доранд. Эҷоди пулҳо, эҷоди роҳи оҳан, табодули тиҷоратӣ- инҳо ҳам ба мардуми Афғонистон ва ҳам барои мардуми Тоҷикистон муфид хоҳанд буд. Осиёи Миёнаро Афғонистон бо Осиёи Ҷанубӣ васл мекунад ва ин васл қатъиян аз лиҳози тиҷоратӣ фоидаи зиёд дорад». Маршал Фаҳим ба ишора ба ҳаводиси як даҳсола пеши Афғонистон гуфт: «Ҷаноби райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бадтарин рӯзҳое, ки Афғонистон мавриди фишор қарор гирифта буд, дар замони муқовимати мардуми Афғонистон бо роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуди шаҳид қавиан ҳимоят карданд».{jathumbnail off}