Александр Лукашенко, президенти Беларус хостори ихроҷи Ӯзбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шудааст.
Ин нуктаро рӯзи гузашта, номбурда зимни мулоқоташ бо сарварони парлумони кишварҳои узви ин ташкилот дар Минск иброз доштааст. Лукашенко ҳамчунин афзудааст, ки дар ин бора унвонии ҳамтои русаш-Дмитрий Медведев низ номае ирсол кардааст. «Ӯзбакистон бозии сеҷониба анҷом медиҳад ва ба ин далел наметавонад узви СПАД бошад»,- гуфт Лукашенко. Аммо президенти Беларус ибораи «бозиҳои сеҷониба»-ро шарҳ надода, вале ишораи ӯ ба тавсеаи ҳамкориҳои Ӯзбакистон ва кишварҳои ғарбиву Амрико нигаронида шудааст. Лукашенко гуфт: «Ӯзбакистон баъди дубора ба СПАД пайвастанаш то ҳол ҳеч яке аз асноди ин созмонро тасвиб накардааст ва узвияташ рамзӣ аст».
Маврид ба ёдоварист, СПАД дар соли 1992 аз сӯйи давлатҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон таъсис шуда буд. Соли 1999 Гурҷистон ва Озарбойҷон аз ин созмон канор рафтанд. Ҳамон сол Ӯзбакистон низ узвияти худро дар СПАД муттавақиф кард, вале соли 2006 дубора ба он пайваст. Дар тобистони соли равон Ислом Каримов, райисҷумҳури Ӯзбакистон, аз ширкат дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Остонаи Қазоқистон худдорӣ кард.{jathumbnail off}