Табибони Аврупо беш аз 26 ҳазор ҳодисаи сирояти бемории сурхча ва ё "гул"-ро ошкор намудаанд.
Бино ба маълумоти Созмони ҷахонии тандурустӣ (СҶТ) ин беморӣ дар кишвархои минтақаи Аврупо ҳанӯз 7 моҳ пеш хурӯҷ карда, дар ин муддат теъдоди сироятёфтагон ба 26 ҳазор нафар расида, назар ба соли гузашта 276 фойиз афзойиш ёфтааст. Феълан, бурузи маризии сурхча дар 40 давлат аз ҳисоби 53 давлати ба минтақаи аврупоӣ шомил мушоҳида шудааст.
Созмони ҷахонии тандурустӣ ба кишварҳои ин минтака тавсия додааст, ки барои беҳтар намудани вазъ талош намуда, пеш аз ҳама масъалаи эмгузаронии саросарии аҳолиро таъмин созанд.
Ёдовар мешавем, ки СҶТ ба кишварҳои минтақаи Аврупо кишварҳои Аврупои ғарбӣ, марказӣ ва шарқӣ, Русия Туркия, кишварҳои Закавказе ва Осиёи Марказиро шомил медонад.{jathumbnail off}