Ахиран, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Қонуни «Тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»-ро баррасӣ карда, ба тасвиб расонид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии МНМО, ин санади ҳуқуқӣ барои таъмини ҳуқуқи боздоштшудагон дар заминаи мулоқоту мукотиба бо пайвандон, амнияти шахсӣ ва шикоёт дар мавриди шароити маҳбас заминаи ҳуқуқиро фароҳам меорад. Гуфта мешавад, то имрӯз дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тартиби боздошти ашхоси дар ҷиноят гумонбаршуда танзим шуда буд, аммо тартиб ва шароити нигаҳдорӣ, бахусус таъмини ҳуқуқи боздоштшудагон, то ҳол мушаххас нашуда буд.
Бино ба гуфти Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, пешбинии шароити мусоид барои занҳо ва ноболиғон дар боздоштгоҳҳо аз бартариҳои қонуни нав дар бораи шароити нигаҳдории боздоштшудагон ва маҳкумшудагон маҳсуб мегардад. Ҳамчунин, тибқи ин қонун, ноболиғон аз ашхоси калонсол ва афроде, ки барои аввалин бор ҷиноят содир кардаанд, аз ашхосе, ки дар ҷиноёти бештар даст доранд, ҷудо нигаҳдорӣ мешаванд.