Дар Душанбе мулоқоти Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон бо Катеринич Дмитрий Стипанович, вазири саноати Беларус баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни ин вохурӣ, ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат изҳори қаноатмандӣ намуда, ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба густариши ҳамкориҳо байни вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва вазорти саноати Беларусро ба имзо расонидаанд. Дар ин ҳамоиш намояндагони сафорати Беларус ва як қатор роҳбарни корхонаҳои ин кишвар ширкат намуда, дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларусро баррасӣ намудаанд.
Маврид ба ёдоварист, табодули амвол миёни Тоҷикистон ва Беларус дар 8 моҳи ахири соли равон 50 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, ин ду кишвар бештар дар бахшҳои иқтисод ва маориф ҳамкорӣ доранд. Маврид ба ёдоварист, имрӯз баъди нисфирӯзи Александр Лукашенко, президенти Беларус бо як сафари расмии серӯзааш вориди Тоҷикистон шуда, дар назар аст бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқот намояд.{jathumbnail off}