5 ҳазор тонна сурмаи симобӣ дар як сол истеҳсол мешавад
Сохтмони боз як корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти сурмаи симобдор дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати энергетика ва саноат хабар доданд, айни замон иҷрои корҳои таҳияи нақшаи он ва воридоти таҷҳизотҳои коркарди ниҳоии хокаи метал дар марҳилаи мувофиқа қарор дорад. Гуфтанист, чанде қабл Майкл Боллач намояндаи ширкати «Консап- Комодитиз- Инк»- и ИМА изҳор намудааст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки корхона ин фароҳам овардани маҳсулоти тайёр дар дохили Тоҷикистон буда, иқтидори солонааш бо 5 ҳазор тонна сурмаи металӣ ба итмом расонида мешавад , ки дар ин замина 200 ҷои нави кори дар назар дошта шудааст. Тибқи иттилои ин вазорат дар санаи 17-уми апрели соли 2005 -ум дар заминаи амволи ҶСК «Анзобский ГОК»- и ноҳияи Айнӣ ва сармояи ширкати «Консап -Комодитиз -ИНК»-и Точикистону Амрико дар мавриди сохтмони корхонаи муштараки «Анбоз» санади ҳусни тафоҳумро ба имзо расонида буд.