Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маводи нашъадор дарёфт шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт дар кӯчаи Канорӣ-162, шаҳрвандон- Фарҳод Маҳмадалиеви 28- сола, сокини ноҳияи Данғара, кӯчаи И.Шариф, хонаи 32 ва Суҳроб Қандакови 32- сола, сокини кӯчаи Муллоёри Ванҷӣ, хонаи 10, дастгир карда шудаанд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз халтаи дасти Сӯҳроб Қандаков маводи сахттаъсири «ҳероин», ки вазнаш 1 килою 914 граммро ташкил медиҳад, мусодира гардид. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}