«Ҳероин» дар борхалтаи зани 53-сола
Ҳудуди як килограмм маводи нашъадор дар шимоли мамлакат забту мусодира гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Муҳаррам Аюбова 53- сола, сокини маҳаллаи 12, хонаи 7 дастгир карда шуд. Аснои кофтукоби шахсӣ аз борхалтаи ӯ мувофиқи маълумотномаи бахши ташхиси криминалистии шуъбаи корхои дохилӣ 1 кг маводи сахттаъсири «ҳероин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишоти қазия идома дорад.