Чавгонбозӣ миёни духтарони тоҷик рӯ ба рушд кардан дорад
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни духтарони наврас дар варзишгоҳи чавгонбозии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишӣ мудири шӯъбаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Тағоев, мудири бахши варзиш ва сайёҳии вилоят Т.Нурматов иштирок намуданд.Дар мусобиқаи варзишгарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ашт, Мастчо, шаҳри Хуҷанд ва мактаби варзишии бачагону наврасони вилояти Суғд, дар маҷмӯъ зиёда аз 108 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Дар натиҷа, ҷои аввалро мактаби варзишии бачагону наврасони вилояти Суғд, ҷои дуюмро варзишгарони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ҷои сеюмро варзишгарони ноҳияи Мастчо сазовор гардиданд. Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озадагон» аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.{jathumbnail off}