Дар шаҳри Истамбул вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои афғонистониаш, доктор Залмай Расул баргузор гардид.
Тибқи иттилои расида, дар мулоқоти мазкур ҳамчунин, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов иштирок дошт.Зарифӣ ба доктор Залмай Расул Низомиддин Зоҳидовро, ки ба қарибӣ аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун намояндаи махсуси президент оид ба Афғонистон таъин гардидааст, шинос намуда, қайд кард, ки тасмимгирии мазкур аз манфиатдор будани Тоҷикистон барои иштирок дар ҳалли қазияи Афғонистон шаҳодат медиҳад. Дар рафти вохӯрӣ вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои сафари расмии муовини аввали президенти Афғонистон маршал Муҳаммад Фаҳим ба Тоҷикистон, ки ба қарибӣ сурат гирифт, иттилоъ дод.
Ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дахл намуда, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доштани татбиқи лоиҳаҳоеро, ки барои рушди иқтисодиёти Афғонистон кӯмаки муассир расонида метавонанд бо шумули лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионӣ зикр кард. Дар ин росто, Ҳ.Зарифӣ аҳамияти панҷумин Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCА)-ро, ки моҳи марти соли 2012 дар Душанбе баргузор мегардад, қайд намуд.Дар навбати худ, доктор Залмай Расул таваҷҷӯҳро ба аҳамияти ташаббуси ба вуҷуд овардани «Роҳи нави абрешим» ҷалб намуд. Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои Конфронси Истамбул оид ба Афғонистон «Амният ва ҳамкорӣ дар қалби Осиё» ва Конфронси ҳаммонанд, ки аввали декабр дар ш. Бонн барпо мегардад, баррасӣ гардиданд.{jathumbnail off}