Овик Абрамян, райиси парлумони ҷумҳурии Арманистон истеъфо дод.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, аъзои ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳон, ки дар симмати райиси ин мақоми қонунгузор фаъолият дошт, гуфтааст: «Ман аз мансаб канор рафтам. Ҳизби ҷумҳурихоҳон номзадии маро ба ҳайси сардори ситоди маъракаи интихоботӣ дар соли 2012 пешбарӣ кардааст, аз ин рӯ тасмим гирифтам, ки истеъфо бидиҳам ва ба ин чорабинӣ омодагии ҷиддӣ бигирем. Мо ба интихоботи соли оянда таваҷҷӯҳи хос дорем».
Зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон Абрамян иброз дошт, ки сару садоҳо атрофи ангезаи сиёсӣ ва хусусӣ доштани истеъфои ӯ бепояаанд ва муносибаташ дар айни ҳол бо роҳбари феълии ҳизби ҷумҳурихоҳон- Серж Саркисян, ҳамзамон президенти вақти Арманистон хуб аст.{jathumbnail off}