Нақлиёти сабукрави тамғаи «Опел» дар шаҳри Қӯрғонтеппа рабуда шуд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, ҳодисаи дуздӣ дар назди тарабхонаи «Миршаб» ба вуқӯъ пайвастааст. Шаҳрванд Талбакови 48-сола, сокини ноҳияи Вахш, хоҷагии Ленинград дар ин маврид ба мақомоти интизомӣ шикоят бурда гуфтааст, ки Фаррух ном шахс нимашаб мошини ӯро соҳибӣ карда, ба ҷои номаълум бурдаааст.
Зимни баргузории як амалиёти вижа, кормандони милиса Фаррух Ҳоҷиматови 26-сола, сокини ноҳияи Вахш, кӯчаи Ладигина, хонаи 7 «а»-ро боздошт карданд. Ба иттилои манбаъ, номбурда қаблан доғи судӣ дошта, пеш бо моддаҳои 140, 141 кодекси ҷиноӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст.{jathumbnail off}